Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи майдони футболи хурд барои маъюбон дар Чкалов


​Имрӯз, 20 октябр, дар шаҳри Чкалов майдони футболи хурд барои маъюбон ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд барои маъюбон, ки рӯзи 20 октябр дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, иштирок кард. Ба иттилои АМИТ “Ховар”, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов беш аз 300 аъзо дорад, ки 20 нафари онҳо кӯдакону наврасони маъюби синашон то 18-сола мебошанд.

Аз моҳи августи соли 2015 дар ҳудуди Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов сохтмони майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба роҳ монда шуд. Барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва таъмири бинои Ҷамъияти маъюбони шаҳр дар маҷмуъ беш аз 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ки чунин як майдони зебо бунёд кардаанд, изҳори сипос намуда, онҳоро барои минбаъд ҳам ҳамкорӣ кардан бо ҷамъияти маъюбон ҳидоят намуд.

XS
SM
MD
LG