Пайвандҳои дастрасӣ

Дар робита ба марги Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, бар асоси моддаи 109-и қонуни ҷиноии Русия, яъне «аз беэҳтиётӣ ба марг расондан» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Додситонӣ ва Кумитаи тафтишотии минтақаи Адмиралтейскийи шаҳри Санкт-Петербург дар робита ба марги тифли панҷмоҳаи тоҷик -- Умаралӣ Назаров бар асоси моддаи 109-и кодекси ҷиноии Русия, яъне "аз беэҳтиётӣ ба марг расондан" (Причинение смерти по неосторожности) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин тифл як ҳафта пеш, баъди боздошти модараш аз сӯи кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар бемористон ҷон додааст.

Дар ҳоле ки Рустам Назаров ва Зарина Юнусова, волидони Умаралӣ, барои муҷозоти омилони марги фарзанди ягонаи худ талош доранд, мақомоти интизомии Санкт-Петербург низ ба ҳимоят аз худ омодагӣ мегиранд. Ҳоло дар баробари муфаттиши парванда нозирони хадамоти иҷтимоӣ ва ниҳодҳои беҳдоштии Санкт-Петербург ба хонаи Рустам ва Зарина рафта, шароити зисти онҳоро таҳқиқ мекунанд.

Зоҳиран онҳо мехоҳанд, марги тифли панҷмоҳаро ба дӯши волидонаш бор кунанд, ки гӯё дар шароити ғайрисанитарӣ фарзанди худро бузург мекарданд ва ин шароит ба марги ӯ сабаб шудааст. Дар ҳоле ки қаблан расонаҳои Русия навиштанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ гӯё Умаралии хурдсол аз инфексияи шадиди респераторӣ фавтидааст. Вале мақомот аз ҳаргуна шарҳ дар ин бора худдорӣ карданд.

Рустам Назаров ва Зарина Юнусова, ки баъд аз оиладорӣ ташнаи ба дунё омадани фарзанд буданд, аммо дидори тифл насибашон намешуд, ним сол қабл барои табобат ба Санкт-Петербург рафтанд. Онҳо баъд аз чанд муддати табобат соҳиби фарзанд шуда, ӯро бо хушҳолӣ бузург мекарданд, вале дар айни панҷмоҳагияш аз даст доданд. Ҳоло Рустам ва Зарина як ҳафта боз наметавонанд ҷасади беҷони фарзандашонро бигиранд.

Маҳкам Абдуллоев, тағои Зарина Юнусова, мегӯяд, вақте барои гирифтани ҷасади Умаралӣ ба мақомот муроҷиат кард, касе ба додаш нарасидааст. "Се рӯз ба тамоми сардхонаҳои Санкт-Петербург сар задам. Куҷое набуд, ки нарафта бошам, вале дар ҳеч ҷо пайдош накардам," -- мегӯяд ӯ.

Хонаи Рустам ва Зарина серодам аст. Манзили истиқоматии онҳо дар ошёнаи аввал дар маркази Санкт-Петербург ҷойгир аст, ки баъди ба дунё омадани Умаралӣ пойи меҳмонон аз он канда намешуд. Рустам Назаров, падари Умаралӣ, мегӯяд, як ҳафта пеш кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳамсару бародар ва кӯдакашро бо худ бурда, ҳарчанд дуи аввалро раҳо кардаанд, вале гуфтаанд, кӯдакро рӯзи дигар хоҳанд гирифт. "Фардояш соати нуҳи субҳ аз хона баромадем, то рафта кӯдакамонро бигирем. Вақте тамос гирифтем, гуфтанд, ки кӯдак фавтидааст."

Ин ҳодиса рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ рух дод ва то кунун дар Русия ва Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст. Аксарият марги Умаралиро баъди боздошти модараш маҳкум карда, аз мақомоти Русия талаб доранд, то омилони ин вазъ муҷозот шаванд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Русия низ мегӯянд, таҳқиқи ҳодисаро назорат доранд ва аз ҷанбаҳои нави тафтиш сокинонро дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Вале мақомоти Санкт-Петербург мегӯянд,модари Умаралӣ ғайриқонунӣ дар он шаҳр ҳузур дорад ва бар асоси қарори додгоҳ муваззаф аст, то чанд рӯзи дигар онҷоро тарк кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG