Пайвандҳои дастрасӣ

Мудофеи ҳуқуқи занону рӯзноманигоронро мурда дарёфтанд


Ҷаклин Саттон

Ҷаклин Саттон

Ҷасади раҳбари яке аз созмонҳое, ки рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқи занонро дар Ироқ ташвиқ мекард, дар фурудгоҳи аслии Истанбули Туркия пайдо карданд. 19 октябр созмони вай гуфт, ки Ҷаклин Саттон дар шароити номаълум кушта шудааст.

Ҳамкорони Ҷаклин дархост кардаанд, ки ба таври фаврӣ расидагӣ ба қатли вай оғоз шавад. Чанд моҳ пеш раҳбари пешини ҳамин муассиса дар як бамгузорӣ кушта шуда буд.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ гуфт, ки ҷасади раҳбари намояндагии онҳо дар Ироқро 17 октябр пайдо кардаанд. Вай аз Лондон ба Истанбул парвоз карда буд ва мехост ба шаҳри Ирбил-маркази минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ ба ҷои кори худ биравад.

Ин гурӯҳ мегӯяд, талош дорад, то шароити кушторро рӯшан кунад. Хабаргузориҳои Туркия гузориш додаанд, ки ҷасади вайро дар ҳоҷатхона пайдо кардаанд ва вай ба дор овехта шуда буд.

Хабаргузории давлатии Анадолуи Туркия мегӯяд, ки Ҷаклин Саттон ба парвози баъдии худ ба Ироқ расида натавонистааст ва барои хиридории билет пул ҳам надоштааст. Ин ҳолат вайро афсурда кардааст.

Вале ҳамкорони Ҷаклин ба ин гузоришҳои матбуоти Туркия шак доранд. Ванесса Фар-ҳамкори Ҷаклин дар Ҷомеаи байналшмиллалии занон барои Сулҳу Озодӣ гуфтааст, “касе бовар надорад, ки вай худкушӣ карда бошад”.

XS
SM
MD
LG