Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия яке аз бамгузорони маргталабро муаррифӣ кард


Эътирозҳо бар зидди бамгузориҳои маргталабона
Эътирозҳо бар зидди бамгузориҳои маргталабона

Мақомоти интизомии Туркия аз ду нафар бамгузори маргталаб якеашро шиносоӣ карданд. Ин бамгузорӣ ҳамин моҳ дар Анкара рух дод ва дар он 102 нафар ба ҳалокат расиданд. Шахсе, ки шиносоӣ шудааст аз ҷануби Туркия аст ва бародараш дар моҳи июл ҳамин гуна бамгузорӣ анҷом додааст.

Ин ду бародарро дар зодгоҳашон бо он мешиносанд, ки одамонро ба сафи тундравҳои Давлати исломӣ ҷалб мекарданд. Дафтари додситонии Анкара бамгузорро Юнус Эмре Алагоз муаррифӣ кард, ки аз шаҳраки Адиёман аст. Ҷустуҷӯ барои маълум кардани ҳуввияти бамгузори дуввум идома дорад.

Юнус Эмре ҷонибдорони фаъолони курдро ҳадаф қарор дода буд ва ин бамгузорӣ дар таърихи Туркияи нав бадтарин ҳодиса ба шумор меравад.

Бародари Юнус Эмре бо номи Сейиҳ Абдураҳмон Алагоз моҳи июл ба дохили анбуҳи донишҷӯёни фаъол даромад ва дар миёнаи онҳо худро тарконд. Дар ин таркиш 33 нафар ба қатл расиданд.

Аҳмет Довутуғлу-нахуствазириТуркия ба телевизиони кишвараш гуфт, ки 15 нафар дар робита бо бамгузории ахир боздошт шудаанд ва ҳоло 4 нафари онҳо дар ҳабс мебошанд.

XS
SM
MD
LG