Пайвандҳои дастрасӣ

Довудоғлу: ҳавопаймои бесарнишини задашуда сохти русӣ буд


Ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки аз сӯйи ҳавопаймоҳои низомии Туркия дар ҳарими ҳавоӣ дар наздикии Сурия рӯзи ҷумъа зада шуд, сохти русӣ буд. Аммо Москва ба Анқара хабар додааст, ҳавопаймои бесарнишин моли Русия набудааст. Дар ин бора рӯзи душанбе нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу ба шабакаи телевизионии Haber гуфтааст.

Дар мусоҳибаи телевизионӣ Довудоғлу гуфт, ки эҳтимол дорад ҳавопаймои бесарнишин ба нерӯҳои раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад, ниманизомиёни курд ва ё гурӯҳи дигаре тааллуқ дошта бошад. Вай афзуд, ки маҳви ҳавопаймои бесарнишин ҳушдор аст ва изҳори умедворӣ кард, ки Русия акнун баъд аз чанд бор вайрон кардани ҳарими ҳавоии Туркия сари ин мавзӯъ ба таври ҷиддӣ андеша мекунад.

16 октябр нерӯҳои зиддиҳавоии Туркия дар наздикии марз бо Сурия ҳавопаймои бесарнишинеро заданд. Дақиқ карда нашуд, ки ин ҳавопаймо моли кадом кишвар аст. 21 сентябр Пентагон хабареро пахш кард, ки дар Сурия ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия парвоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG