Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти Дрезден ба ҷонибдорӣ ва зидди муҳоҷирони мусулмон


Дар Дрездени Олмон ҷунбиши ПЕГИДА бо шиори зидди «исломӣ шудани Аврупо» дар солгарди таъсисаш гирдиҳамоӣ баргузор кард. Ҳарчанд ПЕГИДА мухтасари ҳарфҳои аввали калимаҳост, аммо ин калима дар Олмон аллакай маънии бад гирифтааст. Дар майдони назди бинои опера теъдоди ҷонибдорони ПЕГИДА беш аз 20 ҳазор нафар шуд ва на камтар аз 13 ҳазор нафар мухолифони ПЕГИДА дар майдони дигаре гирди ҳам омаданд.

Дар Олмон бисёриҳо аз эҳтимоли ташаннуҷи ихтилофоти иҷтимоӣ дар пайи қабули гурезаҳо аз Сурия нигаронанд.

Бо вуҷуди талошҳои қариб ду ҳазор пулис аз даргирӣ миёни ин ду гурӯҳро пешгирӣ карда нашуд – як ширкаткунандаи гирдиҳамоии ҷунбиши ПЕГИДА сахт захмӣ гашт. Кормандони пулис ва хабарнигорон низ осеб диданд.

XS
SM
MD
LG