Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 нафар аз Марғилони Ӯзбекистон ба ҷанги Сурия рафтаанд


Додситонии вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ошкор кардааст, ки 18 сокини Марғилон ба ҷанги Сурия рафтаанд. Ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳамаи онҳо аз як оилаи маҳаллаи “Ғалатой” ҳастанд.

Ҳомии ҳуқуқи башар аз Фарғона Абдусалом Эргашев ба “Озодлик” гуфт, ки шахсан бо 5-6 ҷавоне, ки барои рафтан ба ҷанги Сурия талош мекарданд, шинос будааст. Ба гуфтаи вай, ҳамаи онҳо аз сӯйи маъмурони интизомӣ боздошт, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз ва муҳокимаҳои додгоҳӣ сурат гирифтаанд. Эргашев мегӯяд, ки ин ҷавонон аз рӯзи нахустини боздошти худ иқрор шудаанд, ки мехостанд ба Сурия раванд.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи инсони фарғонагӣ, ҳарчанд ниҳодҳои интизомии Ӯзбекистон омори нафарони ба ҷанги Сурия рафта ва чунин қасд доштаро эълом намекунанд, аммо мақомот талош мекунанд тавассути намояндагони масҷидҳо ва кумитаҳои маҳаллӣ, ки ба дастгоҳи асосии таблиғотӣ ва назоратӣ дар Ӯзбекистон табдил шудаанд, аз сафари шаҳрвандони худ ба Сурия пешгирӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG