Пайвандҳои дастрасӣ

Таваллуди дигар. Баъди 95 сол ҳайкали "душмани халқ" гузошта шуд


Ҳайкали Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҳайкали Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Баъди 95 соли қатли Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ки ҳамчун "душмани халқ" дар байни мардум кушта шуда буд, имрӯз барояш мақбара ва пайкараи ифтихорӣ гузоштанд.

Нақибхон Туғрал яке аз наберагони Хоҷа Аҳрори Валӣ буд, ки 26 марти соли 1865 дар деҳаи Зосуни Фалғар, Айнии ҳозира, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ ягона шоири тоҷикест, ки дар сабки душворбаёни Абдулқодири Бедил талоши шеър гуфтан кардааст ва садҳо ғазалу достонро дар пайравӣ ба ӯ иншо намудааст. Ҳамзамон даҳҳо осори илмиву тадқиқотӣ аз ӯ ба мерос мондааст.

Вале Туғрали Аҳрорӣ баъд аз Инқилоби Октябр ба корҳои сиёсиву давлатӣ шомил гашта, дар роҳи барқарорсозии ҳукумати Шӯравӣ дар Самарқанду водии Зарафшон фаъолиятро оғоз мекунад. Вай дар солҳои 1918-1919 ҳамроҳи аскарони сурхи Шӯравӣ дар чанд задухӯрди хунини алайҳи босмачиёну мухолифони инқилоб дар болооби Зарафшон иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар ҳавлии худ ҷой медиҳад ва ҳамроҳашон деҳаҳои Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похутро озод мекунад.

Ӯ дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақ гирифтор шуда, ҳамчун душмани халқ маҳкум ба қатл мегардад ва мавзеи «Боғи Шамол»-и канори рӯди Зарафшон қатлгоҳи ин муборизи роҳи озодӣ интихоб мешавад.

Баъди Қатли Туғрал пайравону ҳаводоронаш наметавонанд, ки тӯли 40 сол аз асару офаридаҳояш истифода кунанд, вале бо кӯшишу заҳматҳои фаровони як зумра рӯшанфикрони замон 30-уми декабри соли 1960 ӯро бо қарори Додгоҳи олии давр сафед мекунанд.

Саидбурҳон Икромов, фарзанди духтари Нақибхони Туғрал, имрӯз хонаи бобояшро соҳибӣ мекунад ва онро ба осорхона табдил додааст. Вале ҳамакнун ба номи ин шоири шаҳир на танҳо ин осорхона, балки як мактаб дар зодгоҳаш, Кохи фарҳанг ва мақбарае бо харҷи 5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ки зиёратгоҳи хосу ом хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG