Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато шаҳрванди Исроил ғоибона маҳкум шуд


Дар Алмаато шаҳрванди Исроил ба гумони қатл ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии додгоҳи шаҳри Алмаато. Додгоҳи махсуси байниноҳиявии парвандаҳои ҷиноии Алмаато ғоибона шаҳрванди Исроил Имин Михаэлиро дар қатли коршиноси Федератсияи байналмиллилалии ҷангҳои даст ба даст Аскарбек Абдибаев айбдор донист.

Тибқи натоиҷи таҳқиқот 2 июли соли 2005 дар пайи як даргирие дар назди бошгоҳи шабона дар Алмаато Михаэли ба Абдибаев бо корд чанд зарбаи марговар зад ва сипас тавассути Қирғизистон ба Исроил фирор кард.

Феълан ба иттилои маркази матбуотии додгоҳ Михаэлӣ дар кофтукоби байналмиллалӣ қарор дорад

XS
SM
MD
LG