Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Иссиқ-кӯл 5 пойгоҳи лижаронӣ сохта мешавад


Дар вилояти Иссиқ-кӯл мехоҳанд 5 пойгоҳи лижаронии кӯҳӣ бисозанд. Дар ин бора дар маркази матбуотии вазорати иқтисод хабар доданд. Ба иттилои онҳо, дар чаҳорчӯби Барномаи миллии рушди бонизом то соли 2017 тарҳи озмоишии “Лижаронии кӯҳӣ” таҳия шудааст.

Ин тарҳ талошҳои якҷояи давлат, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва тоҷирон барои густариши зербино, бахши хадамот, афзоиши андоз ва ҳамчунин бештар кардани ҷойи корро дар назар дорад.

Дар ин тарҳ сохтмони пойгоҳҳои лижаронии кӯҳӣ - Жергалан, Боз-Учук, Челпек, Кереге-Таш ва Светлая Поляна пешбинӣ шудаанд.

Дар вазорати иқтисод зикр мекунанд, ки иҷрои тарҳи озмоишӣ имкон медиҳад, ки тарҳҳои дигари ҳамсон иҷро шаванд.

XS
SM
MD
LG