Пайвандҳои дастрасӣ

Дар доираи тарҳи “Коҳиши талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд” зеристгоҳи барқии “Ваҳдат” бо тавоноии 110/10 кв дар шаҳри Хуҷанд бунёд шуда ва имрӯз раиси ҷумҳури кишвар онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 20 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои бунёди ин зеристгоҳБонки таҷдиду рушди Аврупо ва Бонки сармоягузории Аврупо 21 миллион евро ҷудо карда, аз ин 4,5 миллион евро барои сохтмони зеристгоҳи “Ваҳдат” ва маблағи боқимонда барои ҳисобкунакҳои барқии шаҳри Хуҷанд масрафшудааст.

Ҷаноби Шарифзода афзуд, зеристгоҳи “Ваҳдат” бо 2 трансформатори ҳар кадоме 16 мегаватт дар доираи лоиҳаи «Коҳиши талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» сохта шудааст.

Ба дунболи ифтитоҳи зеристгоҳ Эмомалӣ Раҳмон бо маъюбони шаҳри Чкалов мулоқот карда ва барои онҳо майдончаи футболи хурдро ифтитоҳ кард. Ҳамчунин, дар ҷараёни дидори раиси ҷумҳур аз вилояти Суғд корхонаҳои бофандагию ресандагӣ ва коркарди чӯбу тахта низ ба истифода дода шуд.

XS
SM
MD
LG