Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: "Қатли 2 пулис аз хусумати шахсӣ сар задааст"


Ин аксро яке аз корбарони торнамои Озодӣ фиристода ва гуфт, ки ду нафари аввал аз тарафи чап ба рост - Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров - будаанд.
Ин аксро яке аз корбарони торнамои Озодӣ фиристода ва гуфт, ки ду нафари аввал аз тарафи чап ба рост - Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров - будаанд.

Манобеи наздик ба тафтишоти қатли ду корманди пулис дар Исфара мегӯянд, ки ин ҳодиса дар заминаи хусуматӣ шахсӣ сар задааст.

Ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтиши парвандаи қатли 2 корманди пулис дар Исфара, муноқиша байни кормандони пулис аз хусумати шахсии байни онҳо сар задааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, корманди пулис, ки ба ҳамкорони худ аз силоҳ оташ кушодааст, бо яке аз онҳо қаблан муноқиша дошт.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, рӯзи 19 октябр дар деҳи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара миёни 3 маъмури пулис муноқиша рух дода, яке аз онҳо бо тири туфангча ҳамкасбони худро куштааст. Ин ҳодиса тақрибан соати 11-и рӯзи душанбе дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло, ҳаммарз бо Қирғизистон, рух додааст.

Манобеи пулис мегӯянд, лейтенанти калон Алишер Шехназаров, сардори гурӯҳи ОМОН дар Шӯъбаи корҳои дохилӣ -- 2 дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва лейтенант Маҳкам Сафаров муовинаш буд. Пулисеро, ки ба ин 2 ҳамкораш тир зад, сокинони маҳали ҳодиса Сабур ном мебаранд ва ӯ аъзои қатории гурӯҳ будааст.

Пайвандони Алишер Шехназаров мегӯянд, вай 2 рӯз пеш аз кушта шуданаш, писари 2-солааш Ардашерро аз деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ба зодгоҳаш деҳаи Оббурдони Мастчоҳ бурда буд, то тариқи оини мусалмонӣ, ӯро хатна намояд. Як хеши наздики Алишер дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми октябр гуфт, аз марги Алишер онҳоро баъди даргузашти вай дар беморхонаи Исфара хабардор кардаанд. Мусоҳибам афзуд, мақомот ба онҳо гуфтаанд, ки Алишерро як ҳамкораш парронд, вале сабаби ин ҳодисаро дақиқан баён накарданд:

“Алишер дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара қариб як сол сардори гурӯҳи ОМОН шуда кор мекард. Ба гурӯҳи вай як корманди нав, номаш Сабур як сол пеш аз Панҷакент омада будааст. Ин коргари нав ба духтарони деҳа гап задааст. Сокинони деҳа аз ин кораш норозӣ шудаанд. Алишер ва ҳамкораш - Маҳкам, ки сокини деҳаи Хоҷаи Аъло будааст, вайро чанд бор огоҳ кардаанд, ки дигар ин корро такрор накунад. Охирин бор сари ҳамин масъала байнашон муноқиша мехезад ва ҳамкорашон онҳоро тир мезанад.”

Алишер Шехназаров 27-сол дошт ва баъди ба кор даромадан дар ШКД- и Исфара ҳамроҳи зану фарзандонаш дар деҳаи Хоҷаи Аълои ин ноҳия зиндагӣ мекард. Вай соҳиби 3 фарзанди хурдсол -- як писару ду духтар будааст. Ба гуфти пайвандонаш, Алишер Шехназаров муҳассили бахши ғоибонаи Донишгоҳи Панҷакент буд ва барои хидматҳои шоистааш дар муддати ду сол рутбаи хидматиаш аз лейтенанти хурд то лейтенанти калон, боло рафтааст.

Ҷасади Шехназаров баъди рӯзи ҳодиса ба зодгоҳаш - ноҳияи Мастчоҳ интиқол ёфт. Аммо ҷасади корманди дигари пулис Сафаров рӯзи душанбе дар зодгоҳаш, деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ба хок супорида шуд.

Ба гуфтаи наздикони Маҳкам Сафарови 35-сола, ӯ оиладор ва соҳиби 3 фарзанд будааст. Фарзанди калониаш 10-сола ва хурдиаш ҳанӯз синни 1-ро пур накардааст. Маҳкам Сафаров ҳамроҳи аҳли оилааш дар манзили худ зиндагӣ мекардаст, вале ҳамкоронаш – Алишеру Сабур манзили худро надоштанд ва дар хонаҳое, ки сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар ихтиёри онҳо гузошта буданд, зиндагӣ мекарданд. Яке аз пайвандони Маҳкам Сафаров рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки ба онҳо танҳо аз тири ҳамкасби худ кушта шудани вай маълум аст, вале мақомот ҳанӯз натиҷаи авалияи таҳқиқот ва сабабу ангезаҳои сар задани муноқишаи хунини байни ин афсарони пулисро баён накардаанд.

Корманди қаторӣ бо номи Сабур, ки ду ҳамкорашро ҳадафи тир қарор дод, баъди куштани ҳамкасбонаш худро ба мақомоти пулиси Исфара таслим кардааст. Вай тӯли як соли ахир дар деҳаи Хоҷаи Аъло дар гурӯҳи ОМОН кор кардааст.

Барои таҳқиқи ҳодисаи куштори ду милиса дар Исфара гурӯҳи вижа таъсис дода шудааст, ки раҳбарии онро яке аз муовинони сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Суғд бар дӯш дорад. Аз додситонии Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар робита ба қатли 2 корманди пулис аз сӯи як ҳамкасбашон парванда боз шудааст.

Дар гузаштаи наздик дар Исфара чанд мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтан, кушта ва маҷруҳ шудани кормандони пулис аз сӯи афроди мансуб ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ҷой доштааст, вале ин барои бори аввал будааст, ки як корманди пулис 2 ҳамкасби худро ба қатл расондааст.

XS
SM
MD
LG