Пайвандҳои дастрасӣ

Русия худсарона дар Афғонистон амалиёт анҷом медиҳад?


Дар ҳоле ки вазъияти Афғонистон дар ин авохир Русияро сахт нигарон кардааст, муовини дуюми Вулуси Ҷирга мегӯяд, шуморе аз афғонҳо хоҳони иқдомоти низомии Русия дар Афғонистон шудаанд.

Муҳаммадназир Аҳмадзай, ки ба тозагӣ аз сафари Русия баргаштааст, мегӯяд, ин кишвар бояд ҳар гуна кумаки низомиро ба Афғонистон бар асоси дархости расмии ҳукумати Афғонистон анҷом диҳад, на бар асоси дархости шахсии бархе афрод. Оқои Аҳмадзай дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия инро пазируфтаанд, ки худсарона дар Афғонистон амалиёти ҳавоӣ ва ё заминиро анҷом надиҳанд.

Вай афзуд, бархе афрод, ки бо русҳо равобити наздик доштанд ва онон ба номи Афғонистон ва ё ба номи ҷанги минтақа мехостанд кумакҳои низмомиро ҷалб кунанд, ки ин кор барои ҳокимияти миллии Афғонистон метавонист бисёр хатарнок собит гардад.

"Мо тавонистем то ба онҳо қаноат бидиҳем, ки мо як кишвари мустақил ҳастем ва мо сохтори мустақили амниятӣ дорем, Шумо ҳар кореро ки мехоҳед анҷом бидиҳед бояд мустақим аз номи ҳукумати Афғонистон анҷом диҳед, на бо афроде, ки болои ин тавофуқ шуд," -- мегӯяд Аҳмадзай.

Ҳарчанд Муҳаммадназир Аҳмадзай дар ин маврид аз ашхоси мушаххасе ном набурд, вале мегӯяд, ки шуморе аз мақомоти ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ тақозои кумаки низомиро аз Русия кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран генерал Абдурашид Дустум, муовини дуюми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва шуморе аз аъзои Шӯрои миллӣ сафаре ба Русия доштанд.

Бархе гузоришҳо ҳокист, ки Русия барои саркӯби мухолифони мусаллаҳ дар шимоли Афғонистон ибрози омодагӣ карда, аммо ҳукумат то кунун дар ин маврид вазоҳат надодааст. Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумат низ ба тозагӣ гуфтааст, ҳар кишваре, ки дар ростои мубориза бо терроризм бо Афғонистон ҳамкорӣ кунад, ҳукумат аз он кишвар истиқбол мекунад.

Дар айни ҳол, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, вазъияти амниятии Афғонистонро наздик ба буҳрон хонда ва таъкид кардааст, ки ин вазъият кишваҳои Осиёи Марказиро низ таҳдид мекунад. Бо ин ҳама шуморе аз коршиносони низомии афғон дархости кумаки низомии худсарона аз кишварҳои хориҷиро ба гунаи ғайрирасмӣ як хиёнати миллӣ мехонанд.

Генерал Атиқуллоҳ Амирхел, як тан аз ин коршиносон, ба Радиои Озодӣ гуфт, зеҳниятҳо дар Афғонистон барои кумакҳои низомии Русия омода нест ва ҳукумат бояд ҷилави онро бигирад. Ӯ гуфт, "ҳар фарде иртиботи шахсӣ бо касе дар як мамлакат барқарор мекунад, хиёнат маҳсуб мешавад. Ҳатто ба иборати дигар ин гуна афродро метавон намояндагони он кишвар хонд. Дар ҳақиқат ба манофеи миллии кишвар зарбаи шадид аст ва дуюм ин ки то кунун зеҳнияти афғонҳо низ барои дарёфти кумаки низомӣ аз Русия омода нест."

Бар асоси гузоришҳои нашршуда, дар самти шимоли Афғонистон ба шуморе аз фармондеҳони пешин силоҳҳои русӣ ва эронӣ тавзеъ шуда, аммо воқеъияти ин мавзӯъ аз сӯйи мақомоти расмӣ таъйид нашудааст. Бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, бидуни амри раиси ҷумҳур ва таъйиди Шӯрои миллӣ ҳеч фарде ҳаққи дархости кумак дар бахши низомӣ ё бахшҳои дигар аз кишварҳои хориҷиро надорад.

Ин коршиносон аз ҳукумат мехоҳанд то афродеро, ки барои манфиати шахсиашон ва бидуни дарназардошти манофеъи миллӣ ва бидуни иҷозаи ҳукумат хостори мудохилаи кишварҳои хориҷӣ дар умури Афғонистон шудаанд, ба мардум муаррифӣ намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG