Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суруду рақсҳои “ишғолгарони таронахон”


Сафари ҳунарии ансамбли рақсу суруди артиши Русия ба номи Александров дар Чехия боиси ҷанҷоли сиёсӣ шуд.

Гурӯҳи намояндагони ҷамъиятӣ дар Чехия бо қатъномае унвонии раиси ҷумҳури кишвар Милош Земан муроҷиат карда, аз вай хостанд, ки сафари ҳунарии ин ансамблро сарпарастӣ накунад. Ин намояндагон суруди ахири ансамблро дар бораи Қрим ғайри қобили қабул медонанд, зеро суруд дар бораи сарбозонест, ки дар моҳи марти соли гузашта Қримро тасарруф карданду ҳоло дар шарқи Украина меҷанганд. “Ба ин далел даъвати ансамбли Александровро ба сафари ҳунарии тирамоҳӣ ба Ҷумҳурии Чех иқдоми рӯирости пуштибонӣ аз хунрезӣ дар Украина ва тасарруфи қаламрави кишвари мустақили Украина аз сӯйи артиши рус медонем”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Баҳсҳои тунд дар атрофи сафари ҳунарии ансамбли Александров дар матбуоти Чехия чанд рӯз боз ҳамзамон бо ин сафар идома доранд.

Карел Швартсенберг, собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва раҳбари ҳизби муҳофизакори ТОР 09 тасмими раиси ҷумҳурро барои пуштибонӣ аз ин сафари ҳунарӣ “паёми ноҷо ва бади сиёсӣ” номид.

Ба обрӯи ансамбли ба номи Алесандров дар бархе аз кишварҳо хондани суруди “Одамони нарм”, ки ба пайвастшавии Қрим ба Русия дар соли 2014 бахшида шудааст, таъсири бад расонид.

XS
SM
MD
LG