Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Байден: Озодии дин калиди мубориза бо ифротгароӣ аст


Ноиби раиси ҷумҳури ИМА Ҷо Байден мегӯяд, ки пуштибонӣ аз озодиҳои динӣ амрест, ки ҷомеаро аз ифротгароии ҷанговар эмин медорад.

Байден ҷоизаи Афинагор барои пуштибонӣ аз ҳуқуқи инсонро 17 октябр дар як маросиме дар Ню-Йорк соҳиб шуд. Ин олитарин ҷоизаи калисои православии юнонӣ мебошад.

Байден гуфт, ки гурӯҳҳои террористӣ назири Ал-Қоида ва “Давлати исломӣ” барои ноил шудан ба ҳадафҳои даҳшатноки худ аз ислом сӯйистифода мекунанд.

Вай гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида то замоне қавӣ боқӣ мемонанд, ки пешгом дар арсаи ҳимояи ҳуқуқи инсон бошад. Вай зикр кард, ки муқаддасоти динӣ бо арзишҳои инсонии Иёлоти Муттаҳида ҳамсон мебошанд. Байден аз мазҳаби католикӣ барои додани “паноҳгоҳ ва оромиш” ба ӯ изҳори сипос кард.

XS
SM
MD
LG