Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиронсолон ва кӯдакони Қазоқистон дар навбати ягонаи духтурон


Низоми тандурустии Қазоқистон бо ислоҳоти куллӣ рӯ ба рӯ шудааст – дар ҳама муассисот пизишкони соҳавиро духтурони умумӣ иваз мекунанд. Ин мутахассисон ба аҳолӣ новобаста аз синну сол, ҷинсият ва намуди беморӣ кӯмак мекунанд. Аз онҳо ҳамчунин ба унвони духтури оилавӣ ном мебаранд.

Вазорати тандурустии кишвар иҷрои барномаи нави давлатиро оғоз кардааст. Дар миёни ин ислоҳот, ки арсаи тандурустӣ дар 5 соли оянда бо он дучор мешавад, гузариш ба духтурони умумӣ мебошад. Дар дармонгоҳҳо муштариёнро новобаста аз синну сол, аз тифлакон то бознишастаҳоро як мутахассис қабул мекунад. Дар вазорати тандурустӣ муътақиданд, ки ин ислоҳот барои беҳбуди кор аст.

Охирин бор духтурони атфол донишгоҳҳои тибии Қазоқистонро соли 2012 хатм кардаанд.

Тибқи барномаи давлатии “Тандурустӣ” Қазоқистон бояд дар соли 2016 ба шакли муолиҷаи оилавии беморон гузарад. Феълан дар кишвар қариб 3 ҳазор духтури умумӣ омода карда шудаанд. Тибқи меёрҳои маъмулӣ як мутахассис метавонад ба 1500 нафар хидмат кунад. Ин ба он маънист, ки дар кишвар камбуди беш аз 7000 духтурони оилавӣ вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки мутахассисони бозомӯзишуда талош мекунанд, ки дар дармонгоҳҳои хусусӣ кор кунанд, на дар муассисаҳои давлатӣ.

XS
SM
MD
LG