Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қундуз Толибон дар шифохона паноҳ ёфта буданд


Маъсум Станекзай

Маъсум Станекзай

Маъсум Станекзай-иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистон мегӯяд, шифохонаеро, ки нируҳои Амрико бомбаборон карданд, он вақт дар дасти Толибон буд ва онҳо шифохонаро истифода мекарданд.

Вай дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд Толибон ва кормандони кашфи давлатии Покистон дар ин бемористон чун ҷои амн “паноҳгоҳ” ёфта буданд.

3 октябр дар натиҷаи бомбаборони ин шифохона 22 нафар кушта, шумораи зиёди одамон ҷароҳат бардошта буданд. Аммо гурӯҳҳои имдод мегӯянд, ки вақти бомбаборон дар ин шифохона Толибон набуданд.

XS
SM
MD
LG