Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҷон Керрӣ аз Исроил ва Фаластин


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз раҳбарони Исроил ва Фаластин хост, ки барои хатми нооромиҳо дар Каронаи ғарбии руди Урдун тадбирҳои муассир андешанд.

Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, исроилиҳо ва фаластиниҳо сарнавишти ояндаи масҷиди ал Ақсоро дар Байтулмуқаддас муайян кунанд. Ҷонибҳо бояд тадобире андешанд, ки афкори мардумро ором кунад ва аз муноқишаву хушунат пешгирӣ ба амал ояд.

Хушунат дар ҳоле авҷ гирифтааст, ки сару садоҳо дар бораи масҷиди ал Ақсо авҷ гирифтааст. Сару садоҳо ҳокист, ки Исроил гӯё баландиеро, ки масҷид дар он ҷойгир аст ба тасарруфи худ медарорад. Ин масҷид аз лиҳози аҳамият дар ҷаҳони ислом севвумин ҷои муқаддас ба шумор меравад.

Дар охири ҳафтаи ҷорӣ Ҷон Керрӣ бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил, Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин ва бо Абдулло-шоҳи Урдун мулоқот ва роҳҳои хатми нооромиҳоро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG