Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Волии зан дар Афғонистон таҳдиди марг гирифт


Хонум Симо Ҷӯянда-волии вилояти Ғури Афғонистон мегӯяд, ки ба вай афроди мусаллаҳ таҳдиди марг кардаанд ва ҳаёти вай зери хатар аст.

18 октябр Симо Ҷӯянда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “фармондеҳони мусаллаҳ”-е , ки таҳдиди марг кардаанд, шахсони авбош ҳастанд. Изҳороти волии Ғур дар ҳоле садо дод, ки ҳамон рӯз дар маркази вилоят дар Фирузкӯҳ тазоҳуроте баргузор шуд ва онҳо истеъфои волиро талаб намуданд.

Бино ба гуфтаи ширкаткунандагони тазоҳуроти Фирузкӯҳ, дар давоми як ҳафтаи охир ин дуввумин эътироз аст ва эътирозгарон хонум Ҷӯяндаро дар ин мақом шахси бесалоҳият номидаанд.

Ҳукумати Афғонистон чаҳор моҳ пеш Ҷӯяндаро ба мақоми волии вилоят таин карда буд ва ҳоло мегӯяд, ки мардум барои он ба вай мухолифат мекунанд, ки вай зан аст ва наметавонад дархостҳои ғайриқонунии шӯро ва раҳбарои пешини вилояти Ғурро қабул кунад.

Ҳоло дар Афғонистон танҳо ду волии зан фаъолият мекунанд. Ҷӯянда дархост кардааст, ки як ҳайати ҳукуматӣ ба вилоят ояд ва ин масъаларо баррасӣ намояд.

18 октябр ба ҷонибдории Ҷӯянда низ чанд нафар занон дар Фирузкӯҳ раҳпаймоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG