Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия 50 пайрави эҳтимолии "ДИ"-ро боздошт кард


Дар Туркия бо гумони робита ба "Давлати исломӣ" 50 нафар боздошт шуданд. Ин боздошт зимни амалиёте дар робита ба таркиши Анкара сурат гирифтааст. Таркиш дар Анқара бештар аз 100 қурбонӣ бар ҷо гузошт.

Оҷонсии "Анадолу" хабар дод, ки ҳамаи боздоштшудаҳо хориҷиянд ва чанде пеш ба Туркия омада, қасди ворид шудан ба минтақаҳои даргири Сурия ва Ироқро доштанд. Дар бораи шаҳрвандони кадом кишварҳо будани боздоштшудҳо маълумот дода нашудааст.

10 октябр дар ду таркиши аз ҷониби маргталабон дар маркази Анқара амалишуда 102 нафар кушта шуданд. Бино бар иттилои тасдиқношуда, ин таркишҳоро бахши туркии "Давлати исломӣ" амалӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG