Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ятсенюк шартҳои баргузории интихобот дар Донбассро номбар кард


Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк 4 шартеро ном бурд, ки бояд қабл аз баргузории интихобот дар Донбасс иҷро шаванд.

Шартҳои мазкур, ба гуфтаи Ятсенюк, берун бурдани "нерӯҳои Русия" аз Донетск ва Луганск, бозгашти гурезагон, иҷрои қонунҳои Украина ва таъмини рақобати сиёсӣ ҳангоми баргузории интихобот мебошад.

Интихоботи маҳаллӣ дар Украина 25 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Намояндагони Ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи мардумии Донетск ва Луганск қаблан изҳор доштанд, ки интихоботи маҳаллиро ҳамроҳ бо дигар минтақаҳои Украина баргузор нахоҳанд кард. Дар оғози моҳи октябр раҳбарони "ҶМД" ва "ҶМЛ" замони баргузории интихоботи маҳаллиро дар моҳи феврали соли 2016 муқаррар карданд.

Баъд аз мулоқоти "чаҳоргонаи нормандӣ" (Русия, Олмон, Фаронса ва Украина) 2 октябр эълон шуд, ки интихобот дар Донбасс бояд тибқи қонунҳои Украина баргузор шавад. Русия розӣ кунонидани мақомоти ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳонро ба зима гирифт.

XS
SM
MD
LG