Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисае дар марзи миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон


16 октябр марзбонони ӯзбек дар ағбаи Ҷумон дар наздикии марзи миёни ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ва ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон тирпарронӣ карданд. Дар пайи ин тирпарронӣ ду сокини Тоҷикистон кушта ва се нафари дигар захмӣ ва ба бемористон интиқол шудаанд. Ҷасади кушташудагон дар дасти ҷониби Ӯзбекистон қарор доранд.

Мақомоти маҳаллии Панҷакент то ҳол дақиқ намедонанд, ки ин ҳодиса дар қаламраве кадоме аз кишварҳо рух дода ва чаро марзбонони ӯзбек ба самти сокинони осоишта тирпарронӣ кардаанд. Манбаи Радиои Озодӣ дар ҷамоати Фороби ноҳияи Панҷакент гуфт, ки кушташудагон ва захмиҳо чӯпонҳо буданд ва эҳтимол дорад, ноогоҳона ба қаламрави кишвари ҳамсоя гузаштаанд. Ҳамзамон вай баъид намедонад, ки ин ҳодиса дар минтақаи мавриди баҳс рух додааст, ки то ҳол ин минтақа аломатгузорӣ нашудааст.

Ин ҳодиса дар остонаи сафари кори раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент рух додааст. Дар ҷараёни ин сафар раҳбари кишвар дар маросими расмӣ роҳи мошингарди нави Айнӣ-Панҷакентро боз кард.

XS
SM
MD
LG