Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо барқарор шудани худро дар рӯйхати ҳизбӣ талаб мекунанд


Дар Бишкек дар назди бинои додгоҳи ноҳияи Первомайск намояндагони иттиҳодияи ҷамъиятии «Баатир ордо» зидди номзадҳои ихроҷшуда аз рӯйхати ҳизби «Республика-Ата-Журт», ки мехоҳанд номзадиашонро барқарор созанд, гирдиҳамоӣ баргузор карданд. Дар ин иқдоми эътирозӣ тақрибан 50 нафар ширкат карданд. Онҳо аз номзадҳо тақозо карданд, ки ваъдаҳои пеш аз интихобот додаи худро иҷро кунанд.

Қариб даҳ номзаде, ки дар ин рӯйхат буданду сипас аз он ихроҷ шудаанд, 16 октябр дар назди бинои КМИ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки дар бораи ихроҷшавии ихтиёрии худ аз ин рӯйхат ариза нанавиштаанд. Раҳбарияти ҳизб баръакс даъво дорад, ки номзадҳо худ дар ин бора ариза навиштаанд.

Дар маҷмӯъ аз рӯйхати ҳизби «Республика – Ата – Журт» бо аризаҳои худ 70 номзад ихроҷ шудаанд.

Қабл аз маъракаи таблиғотии интихоботӣ номзадҳои ин ҳизб қасам хӯрда буданд, ки агар миқдори зарурии овозҳоро нагиранд, ихтиёран аз ин рӯйхат ихроҷ мешаванд.

XS
SM
MD
LG