Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии таърихии шаҳрванди Қазоқистон дар бокси ҷаҳонӣ


Геннадий Головкин

Геннадий Головкин

Муштзан ё боксери ҳирфаии қазоқ Геннадий Головкин дар пайи пирӯзӣ бар Давид Леме- муштзани канадаӣ дар Ню-Йорк ба рекорди нави ҷаҳонӣ расид.

Барои Геннадий Головкини 33 сола ин сабқати 34-ум дар майдони ҳирфаии муштзанӣ буд. Дар ҳамин ҳол муштзани қазоқ дар рақобати 31-ум пирӯзиро дар пайи беҳуш сохтани рақибаш ба даст оварда буд. Головкин мақоми WBA (Super), IBO ва WBC (Interim) дар вазни миёна ба даст оварда, ҳамзамон қамарбанди IBF дар ҳамин вазнро, ки қаблан ба Давид Леме тааллуқ дошт, соҳиб шуд.

Бо ин пирузӣ Головкин ба таърихи бокс ё муштзанӣ бо беҳуш кардани рақибаш дар 21 сабқати пайдарҳам ворид шуд. Рекорди қаблӣ бо 19 пирӯзӣ бо беҳуш сохтани рақиб ба муштзани амрикоӣ Майк Тайсон тааллуқ дошт

Барои пирӯзӣ дар ин рақобат Геннадий Головкин ду миллион доллар мегирад. Вай бори аввал соҳиби чунин ҷоизаи бузурги пулӣ мешавад. Рақибаш Лемме якуним доллар мегирад.

XS
SM
MD
LG