Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти чӯпони Фароб аз сӯи марзбонҳои узбак


Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Панҷакент мегӯянд, ки Содиқ Субҳонов -- чӯпони деҳаи Фароб ва ҳамроҳони ӯ тайи чор рӯз боз дар қаламрави Узбакистон дар боздошт қарор доранд. Зокирбой Урунов, раиси маҳаллаи Фароб, 19 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Субҳонов ва ҳамроҳони ӯ дар натиҷаи абрӣ (туман) будани ҳаво надониста аз марзи Узбакистон гузашта ва аз тарафи сарҳадбонони узбак боздошт шудаанд. Ӯ афзуд, “хабари аз ҷониби марзбонони Узбакистон мавриди тирпаронӣ қарор гирифтани сокинони Фароб дақиқ нест, зеро тайи ин чанд рӯз, ки аз нопадиди шудани онҳо мегузарад, иттилое вуҷуд надорад.”

Як сокини деҳаи Гузари Болои Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, Урунбой Субҳонов,падари Содиқ Субҳонов дар Русия дар муҳоҷирати корӣ будааст ва бо шунидани ин хабар рӯзи шанбе ба деҳа баргаштааст. “Имрӯз ӯ барои маълум кардани сарнавишти писараш ба ҳукумати ноҳия рафтааст,”—афзуд ӯ. Сокинони деҳаи Гузари Боло мегӯянд, Содиқ Субҳонов ҳамроҳи дигар чӯпонҳо ҳудуди 30 сар гӯсфанди сокинони Фаробро дар чарогоҳи назди ағбаи Ҷумон, ҳамсарҳад бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, мечаронд.

XS
SM
MD
LG