Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 узбакистонӣ ба иттиҳоми дуздии ҳайкали Леонов


Афроде, ки муҷассамаи биринҷии Евгений Леонов, ҳунарпешаи саршиноси русро дар шаҳри Маскав дуздида буданд, аз ҷониби пулис боздошт шудаанд.

Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ки панҷ шаҳрванди Узбакистонро ба иттиҳоми дуздии муҷассамаи Евгений Леонов, ҳунарпешаи маъруфи театр ва кинои Русия, боздошт кардаанд. Бино ба иттилои раёсати корҳои дохилии Маскав, ин афрод муҷассамаи “Дотсент” аз филми маъруфи “Ҷентелменҳои муваффақ”-ро аз пояаш канда ва бо худ бурдаанд. Алайҳи онҳо ба ҷурми “дуздӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин манбаъ гуфтааст, шаҳрвандони Узбакистон ба ҳангоми боздошт иброз доштаанд, ки аз арзиши фарҳангии ин муҷассама ва дар бораи ҳунарпешаи маъруфи синамои Шӯравӣ Евгений Леонов иттилоъ надоштаанд. Инчунин, ин афрод филми “Ҷентелменҳои муваффақ”-ро тамошо накардаанд.

Рӯзи 16 октбяри соли ҷорӣ хабари рабуда шудани муҷассамаи “Дотсент” аз кӯчаи Маскав сарусадоҳоеро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Русия ба миён овард. Дар Интернет навори видеоии кандани муҷассама ва тавассути мошин бурдани он низ пахш шуд.

Дар пайи амалиёти фаврии ниҳодҳои интизомии шаҳри Маскав муҷассама пайдо ва дуздҳо боздошт шуданд. Дар ин муддати ин афрод муҷассамаро қисмат карда ва бахше аз онро ба маблағи 39 ҳазор рубли русӣ фурӯхтаанд. Ба гуфтаи пулиси Маскав харидорони фулузоти ранга дастгир шуда ва барои онҳо низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар соли 2001 дар хиёбони ситораҳои синамо дар шаҳри Маскав ба ифтихори Евгений Леонов, ҳунарпешаи маъруфи театр ва кинои Русия, муҷассама ифтитоҳ шуда буд. Муҷассамаи “Дотсент” дар филми “Ҷентелменҳои муваффақ” буд, нақши онро Евгений Леонов бо маҳорати хос иҷро карда буд.

Филми “Ҷентелменҳои муваффақ” дар соли 1971 наворбардорӣ шуда ва ин филмро беш аз 65 миллион нафар тамошо кардаанд.

XS
SM
MD
LG