Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири пешини Молдова 30 рӯзи дигар дар боздошт мемонад


Влад Филат

Влад Филат

Додгоҳи Молдова тасмим гирифт, ки Влад Филат-нахуствазири пешини ин кишварро 30 рӯзи дигар дар боздошт нигоҳ дорад. Ин тасмими додгоҳ 18 октябр дар ҳоле эълон шуд, ки додситонҳо Влад Филатро дар ришвахорӣ муттаҳам карданд.

Гуфта мешавад, ки дуздии тақрибан 1 миллиард доллар аз бонкҳои кишвар ин ҷумҳурии Шӯравии пешинро ба оғӯши нооромиҳо кашид ва суботи сиёсиву иқтисодиро барҳам дод.

Филат аз соли 2009 то соли 2013 нахуствазири Молдова буд ва 15 октябри соли ҷорӣ дар порламон барои бозпурсии Ожонси зидди ришвахорӣ боздошт шуд.

Бар асоси қонунҳои мамвҷудаи Молдова шахси гумонбар то 72 соат бидуни исботи гуноҳ боздошт мешавад ва баъд аз он бояд додгоҳ дар бораи идомаи боздошт ё раҳоии вай тасмим бигирад.

Додситон Корнелиу Гурин иддао мекунад, ки Филат аз як соҳибкор 250 миллион доллар ришва гирифтааст ва яке аз се бонки Молдоваро ба назорати вай даровардааст. Дар остонаи интихоботи порламонии соли 2014 аз ин бонк 1,5 миллиард доллар ғайб задааст.

Филаит ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки қурбони бозиҳои мухолифони сиёсиаш шудааст.

XS
SM
MD
LG