Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Вахш" ба "Далерон" ва мусовии "Хайр" бо "Регар"


Tajikistan -- Tajik football players, 18Oct2015
Tajikistan -- Tajik football players, 18Oct2015

​Рӯзи шанбеи 17 октябр дубозии даври 15-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 17 октябр бо дубозӣ шурӯъ шуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Муҳаммадҷони Ҳасан дар охири бозӣ, дар дақиқаи 89-ум, ба ҳадаф расонд.

Бозии дигари ин давр миёни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва “Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, бо қарори Бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ -«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Барқи тоҷик» (Душанбе) аз 17 октябр ба 23 октябр ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Равшан» (Кӯлоб) аз 18 октябр ба 24 октябр гузаронида шудааст. Инчунин бозии даври 15-уми мусобиқа миёни ду дастаи Душанбе - «Истиқлол» - ССКА «Памир» - ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 37 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. “Хуҷанд” бо 33 имтиёз дар мақоми дувум мебошад. “Равшан” бо 26 имтиёз мақоми севумро касб кардааст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 15-ум

«ВАХШ» — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — 1:0

Гол: Муҳаммадҷони Ҳасан, 89.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Беҳрӯз Хайриев, Қувватбек Равшанбеков, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир, Наврӯзи Абдул (Фирӯз Ризомов, 80), Мунир Давлатбеков (Худойдод Узоқов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Отабек Каримов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Нуриддин Ҳамроқулов (Саидҷон Шарифов, 46), Муҳаммадҷон Шарифов.

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан): Фатҳулло Бобоев, Асадулло Нуруллоев, Диловар Бойқузиев, Бахтиёр Абдураҳмонов, Шероз Сангинов, Абдураҳмон Қурбонов (Шоҳрух Раҷаматов, 46), Ҳикматулло Расулов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Беҳрӯз Сангинов, Авазҷон Норқузиев, Насим Расулов.

Огоҳонида шуданд: Қувватбек Равшанбеков, Табрези Давлатмир («Вахш»), Беҳрӯз Сангинов, Шероз Сангинов, Бахтиёр Абдураҳмонов («Далерон-Ӯротеппа»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

17 октябр. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 800 тамошобин.

«ХАЙР» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 0:0

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Фирӯз Шамсиев, Акмал Сабуров, Далерҷон Шарифов, Баҳодур Шарифов (Фарҳод Сафармамадов, 30, Воҳид Соҳибназаров, 78), Маҳмадалӣ Содиқов, Парвиз Ҳамидов, Алишер Ӯлмасов, Сӯҳроб Ашӯров, Мӯҳсин Парпиев.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Владимир Сисоев, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Фаррух Чориев, Бахтиёр Азимов (Музаффар Сироҷиддинов, 18), Расул Файзов, Фаридун Шарифов, Фирӯз Қараев, Акбар Бобомуродов, Нозим Бобоҷонов, Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Парвиз Ҳамидов, Акмал Сабуров, Маҳмадалӣ Содиқов («Хайр»).

Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).

17 октябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 1500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

12

1

0

49-2

37

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

10

3

1

28-10

33

3

«Равшан» (Кӯлоб)

13

8

2

3

30-22

26

4

«Хайр» (Ваҳдат)

15

7

4

4

18-23

25

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

6

6

2

19-10

24

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

6

2

6

10-14

20

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

15

3

3

9

15-25

12

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

2

4

8

5-25

10

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

14

2

2

10

10-24

8

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

14

0

1

13

3-32

1

Нишонзанҳо: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 15 тӯб, Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 14 тӯб, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8-тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир») –5-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG