Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия парвозҳои бештар анҷом доданд


Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки дар 24 соати охир ҳавопаймоҳои ҷангиаш 39 парвоз анҷом додаанд ва 51 ҳадафи Давлати Исломиро аз байн бурдаанд.

Бино ба хабари ин вазорат, ҳавопаймоҳои русӣ ба ҳадафҳое дар минтақаҳои Ҳамо, Лозиқия, Димишқ ва Ҳалаб зарба ворид овардаанд.

Дар давоми ду ҳафтаи охир, аз замоне, ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия оғоз шуд, нируҳои Сурия дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар пешравӣ кардаанд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон мегӯяд, нируҳои ҳукуматии Сурия бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Русия дар ҷараёни чанд ҳамла рустоҳои Вадиҳӣ ва Сабқияро дар вилояти Ҳалаб ба тасарруфи худ дароварданд.

XS
SM
MD
LG