Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия 50 нафар боздошт шудаанд


Дар Туркия 50 нафар боздошт шудаанд ва гумон меравад, ки ин афрод бо гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ ҳамкорӣ доштаанд. Матбуоти Туркия гузориш медиҳад, ки ин афрод дар ҷараёни амалиёти пулис боздошт шудаанд ва ин амалиёт субҳи рӯзи 18 октябр дар Истамбул анҷом гирифтааст.

Амалиёт дар ҳоле баргузор шуд, ки дар Анкара ду таркиш рух дод ва дар онҳо бештар аз 100 нафар кушта шуданд.

Хабаргузории Анадолу навиштааст, ки ҳамаи афроди боздоштшуда шаҳрвандони хориҷӣмебошанд. Вале аз кишварҳои онҳо ном бурда нашудааст. Онҳо ба Туркия омадаанд, то аз он ҷо ба Сурия ва Ироқ раванд.

10 октябри соли ҷорӣ дар ҷараёни тазоҳуроти зидди ҷанг дар ду таркиш дар маркази Анкара 102 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти таъйиднашуда, ин таркишҳоро бахши туркии гурӯҳи Давлати Исломӣ созмон додааст.

XS
SM
MD
LG