Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯён аз ширкати Apple ҷарима мегиранд


 iPhone 6s
iPhone 6s

Хатмкунандагони донишгоҳи Висконсин дар шаҳри Медисони Амрико дар даъвои додгоҳии худ бар зидди ширкати Apple баранда шуданд. Акнун ин ширкати бузурги компютерӣ бояд ба онҳо 234 миллион доллар пардохт кунад.

Ширкат Apple ғайриқонунӣ аз ихтирооти дорои муҷаввизи онҳо истифода кардааст. Дар оғоз донишҷӯён 400 миллион доллар талаб мекарданд ва ин даъвои онҳо ба микрочипи телефонҳои ҳамроҳи iPhone 6S ва iPhone 6S Plus тааллуқ дорад.

Ин микрочип имкон медиҳад, ки ҳарорати муътадили телефон ё проссесори он ҳифз шавад ва қобилияти кории телефон бештар шавад.

XS
SM
MD
LG