Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангела Меркел аз Туркия боздид мекунад


Ангела Меркел
Ангела Меркел

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар ҷараёни боздиди худ аз Истамбул бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия дар бораи бӯҳрони паноҳҷӯён музокира анҷом медиҳад. Дар ҷараёни ин боздид иҷрои қарордодҳои кӯмак ва робитаҳои наздик бо Туркия баррасӣ мешавад ва дар ҷавоб ба ин ҳамкориҳо Меркел Туркияро ташвиқ хоҳад кард, то пеши роҳи муҳоҷиронро бигирад.

Меркел аз ҷониби тарафдорони муҳофизакори худ ба фишор рӯ ба рӯ шудааст ва онҳо мегӯянд, ки бояд марзҳои Олмон баста ва муҳоҷирон пас гардонида шаванд. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ аз 800 ҳазор то 1 миллион муҳоҷир вориди Олмон шаванд.

Бастаи кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Туркия тақрибан 3 миллиарду 400 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар ин кишвар ҳоло бештар аз 2 миллион паноҳҷӯ ба сар мебаранд.

Имкон дорад, ки Меркел дар бораи додани раводиди зудтари кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба шаҳрвандони Туркия ва суръат бахшидани музокироти омодагии Туркия ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо музокира анҷом бигирад.

XS
SM
MD
LG