Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳузури нируҳояш дар Сурияро рад кард


Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён
Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён-муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфтааст, ки кишвараш дар Сурия ниру наддорад, вале мушовирони бештари худро ба кӯмаки Башор Асад мефиристад, то бо терроризм мубориза кунанд.

Вай 17 октябр гуфт, бо вуҷуҷди иддаои мақомоти расмии Амрико сарбозони Эрон дар Сурия нестанд. Як рӯз пеш мақомоти Амрико гуфтанд, ки 2 ҳазор нафар низомиёни Эрон ва баъзе кишвариҳои дигари минтақа дар Сурия қарор доранд ва ба нируҳои Башор Асад кӯмак мерасонанд.

Абдуллоҳиён гуфт: “Мо бо дархости ҳукуматҳои Сурияву Ироқ дар ин ду кишвар мушовирони низомӣ дорем. Мо мехоҳем машваратҳои худро ба Сурия барои мубориза бо терроризм бештар намоем”.

Эрон аз ҳампаймонҳои калидии Башор Асад мебошад ва бо артиши Сурия ва нируҳои ҳавоии Русия дар мубориза бо терроризм ҳамкорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG