Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷустуҷӯи падар... Дидори Александр Терехов бо Сайфиддин Тӯраев


Акси якҷояи Александр Терехов ва Сайфиддин Тӯраев

Акси якҷояи Александр Терехов ва Сайфиддин Тӯраев

​Александр Терехов, коргарон ва писари Маргарита Терехова дар ҷустуҷӯи падари аслии хеш ба Тоҷикистон омада, бо Сайфиддин Тӯраев -- сиёсатмадори саршиноси тоҷик дар солҳои 90-ум дидор кардааст.

Александр Терехов -- коргардони рус ва писари Маргарита Терехова ба баҳси он ки падари аслӣ ё биологияш Сайфиддин Тӯраев – сиёсатмадори солҳои навадум ва номзад ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон аст, нуқта гузошт. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд Тӯраев ӯро бо муҳаббати хоси падарона ба оғӯш накашид, вале симои онҳо бо якдигар сахт монанд аст ва намешавад гӯштро аз нохун ҷудо кард.

Дар мавриди ҷустуҷӯҳои Александр барои пайдо кардани падари аслияш Шабакаи аввали телевизиони Русия нимаи дувуми рӯзи 17 октябр як филми ҳуҷҷатиро ба намоиш гузошт. Дар ин филм дида мешавад, ки Александр Терехов пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ба Тоҷикистон омада, билохира дар Истаравшан бо худи Сайфиддин Тӯраев дидор кардааст.

Саҳнаи дидору мулоқоти падару писар дар ин филм бинобар дархости худи Тӯраев ба намоиш гузошта нашудааст, аммо Александр мегӯяд, дар ин дидор падари биологиаш ба ӯ меҳру муҳаббати хос зоҳир накард. Дар посух ба суоли Александр, ки “Оё Шумо падари ман ҳастед?” Тӯраев гуфтааст, ки “ман бояд фикр кунам”.

Бо ин вуҷуд Александр мегӯяд, умед дорад, ки дар оянда бо падараш робитае пайдо кунад ва рафтуомади хонаводагӣ байни онҳо шуруъ шавад. Дар ин мулоқот Александр, инчунин, аз Тӯраев хостааст, ки дар маросими таваллуди наберааш, яъне духтари Александр дар Маскав ширкат кунад.

Александр Терехов замоне ба дунё омадааст, ки Маргарита Терехова ҳунарпешаи машҳури рус дар солҳои 70-ум расман дар никоҳи Георгий Гаврилов, ҳунарпешаи дигари рус буд. Баъд аз таваллуд шудани Александр модараш нахуст ба ӯ фамилияи Гаврилов, вале баъдан Тереховро медиҳад.

Шиносоии Тӯраев бо Маргарита Терехова солҳои 80-ум зимни як сафари ин ҳунарпеша ба Тоҷикистон сурат мегирад. Тавре худи Тӯраев дар як муосҳибааш қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, соли 1981 дар як мағозаи овазадори либос дар Истаравшан як гурӯҳи рассомони рус меҳмон шуда буданд. Терехова низ бо яке аз дугонаҳои рассмомаш ба Тоҷикистон омадааст ва шиносоии ӯ низ бо Тӯраев он замон сурат гирифтааст.

"Аммо аслан аз авлоде, ки бо гузаштагонамон фахр мекунем, ки он гуна муносибатҳо (муносибатҳои номашруъ бо зан) набуду нест. Агар мебуд, вақти дар Маскав таҳсил карданам мебуд. Баръакс, вақти таҳсил дар Маскав, ки раҳбари шӯрои донишҷӯён будам, духтарони муҳассили тоҷикро тарбият мекардам, ки ба ягон роҳи бад нараванд. Ҳамаи онҳо бо сарбаландӣ ба ватан баргаштанд ва то кунун бо онҳо ҳамчун хешу табор муносибат дорем ва онҳо миннатдоранд," -- таъкид дошта буд Тӯраев.

Аммо Тӯраев дахолати матбуотро ба ин мавзӯъ он замон ғайриахлоқӣ ва беодобона хонда, ҳар гуна робитаҳои маҳрамонаро бо Терехова рад карда гуфта буд, аз соли 1982 ба ин ҷониб бо ӯ иртибот надорад.

Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори саршиноси солҳои 1990-и Тоҷикистон, собиқ номзади раёсати ҷумҳурӣ ва ноиби аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, соҳибкор, падари 6 фарзанд дар Истаравшан ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст. Дар солҳои 1973 то 1986 коргар, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) ва солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-1992 ноиби аввали раиси Шӯрои олӣ ва моҳи октябри соли 1999 номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG