Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки дар назар буд бояд рӯзи 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор мешуд, ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, чунин тасмии имрӯз, 17 октябр, дар бюрои кумитаи иҷроияи ФФТ гирифта шуд. Сабабаш омодагии Варзишгоҳи марказии Душанбе ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 мебошад, ки дар он дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия рақобат мекунад.

Дар бораи санаи баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки дар он дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд, дертар хабар дода мешавад.

Ёдовар мешавем, Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) рӯзи 16 октябр Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ хориҷ кардааст. Сабаби хориҷ шудани ин созмон дахолати ҳукумати Кувайт ба корҳои ташкилоти варзишӣ мебошад.

Ба иллати хориҷ шудани дастаҳои миллии Кувайт, бошгоҳҳои ин кишвар наметавонанд дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё доир мешаванд, ширкат варзанд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015, ки дар назар буд дар онҳо рӯзҳои 20-21 октябр дастаҳои «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) — КВ «Кувайт» (Кувайт) рақобат кунанд, лағв шуданд.

Ба ин тартиб, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон - «Истиқлол»- и Душанбе ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» пешакӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC роҳ ёфтанд. Бозии ҳалкунанда 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG