Пайвандҳои дастрасӣ

Маблағи ҷавоизи Ҷоми AFC - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё - 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Маблағи ҷавоизи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё - 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар супурда мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 17 октябр, дар торнамои худ хабар додааст.

Ёдовар мешавем, Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) рӯзи 16 октябр Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ хориҷ кардааст. Сабаби хориҷ шудани ин созмон дахолати ҳукумати Кувайт ба корҳои ташкилоти варзишӣ мебошад.

Ба иллати хориҷ шудани дастаҳои миллии Кувайт, бошгоҳҳои ин кишвар наметавонанд дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё доир мешаванд, ширкат варзанд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015, ки дар назар буд дар онҳо рӯзҳои 20-21 октябр дастаҳои «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) — КВ «Кувайт» (Кувайт) рақобат кунанд, лағв шуданд.

Ба ин тартиб, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон - «Истиқлол»- и Душанбе ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» пешакӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC роҳ ёфтанд. Бозии ҳалкунанда 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG