Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Толибон ба қарори Амрико


Толибон гуфтанд, нигаҳ доштани нерӯҳои Амрико дар Афғонистон муборизаи онҳоро суст намекунад. Дар як баёнияи хаттии Толибон аз рӯзи 16-уми октябр омадааст, “Нигаҳ доштани нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ пешрафти босуръати ҷиҳод ва муборизаи моро суст намекунад.” Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз ин пештар эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида тақрибан 10 ҳазор сарбозашро то охири соли 2016 дар Афғонистон нигаҳ медорад ва соли 2017 шумораи онҳоро коҳиш дода ба 5500 нафар мерасонад. Айни замон Маттео Рензи, нахуствазири Итолиё рӯзи 16-уми октябр гуфт, ба эҳтимоли ғолиб Итолиё ба дархости Амрико барои тамдиди ҳузури 750 сарбози кишвараш дар Афғонистон посухи мусбат медиҳад.

XS
SM
MD
LG