Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Ироқ полоишгоҳи Байиҷиро гирифтанд


Нерӯҳои ҳукумати Ироқ бо ҳимояти размандагони шиамазҳаб дар як амалиёти васеъмиқёсе ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро аз як полоишгоҳи муҳим ва бузург дар наздикии Бағдод рондаанд. Ситоди марказии фармондеҳии Ироқ рӯзи 16-уми октябр гуфт, полоишгоҳи Байиҷи дар наздикии шаҳри Синияро озод карданд. Баъди пас гирифтани полоишгоҳи нафт, нерӯҳои ироқӣ ин корхонаи бузургро аз бомб ва ҷангҷӯёни боқимонда дар онҷо пок мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти Ироқ, дар ин ҷанг 15 аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ ва 6 сарбоз кушта шуданд. Ҳоло нерӯҳои ироқӣ қасд доштаанд, шаҳри Байиҷиро аз дасти гурӯҳи Давлати исломӣ озод кунанд. Шаҳри мазкур дар 250 километрии Бағдод ҷойгир аст ва соли гузашта ҷангҷӯён онро ишғол карданд. Шаҳри Байиҷӣ аз назари стротегӣ бисёр муҳим аст, зеро дар роҳи шаҳри Мосул дуввумин шаҳри бузурги Ироқ, ки дар дасти гурӯҳи Давлати исломӣ аст, воқеъ шудааст.

XS
SM
MD
LG