Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон кӯмаки ИА ба паноҳҷӯёни Сурияро "масхараомез" хонд


Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон (чап) ва Донал Туск, президенти Шӯрои Аврупо. Акс аз бойгонӣ.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон (чап) ва Донал Туск, президенти Шӯрои Аврупо. Акс аз бойгонӣ.

Раиси ҷумҳури Туркия зимни эътирози худ ба Иттиҳодияи Аврупо, талошҳои ин иттиҳодия барои кӯмак ба паноҳандагони суриягиро "масхараомез" хондааст.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи ҷумъаи 16-уми октябр зимни эътирози худ ба Иттиҳодияи Аврупо, талошҳои ин иттиҳодия барои кӯмак ба паноҳандагони суриягиро "масхараомез" хонд.

Раиси ҷумҳури Туркия аз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо хостааст, то қазияи муҳоҷирони суриягиро ҷиддӣ бигиранд. Ӯ гуфтааст, "Иттиҳодияи Аврупо эълон кардааст, ки 30-40 ҳазор паноҳҷӯ мепазирад." Оқои Эрдуғон гуфтааст, ки "онҳо бо ин кор номзади ҷоизаи Нобел хоҳанд шуд". Оқои Эрдуғон гуфтааст, ки кишвараш дар ҳоли ҳозир мизбони дувуним миллион муҳоҷир мебошад.

Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷии Туркия ба пешниҳоди кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Аврупо эътироз карда ва онро ғайри қобили қабул донистааст. Фаридун Синирлиоглу гуфтааст, ки Туркия тибқи ин муомила танҳо дар се соли аввал ҳадди ақал се миллиард евро ниёз дорад. Вазири умури хориҷии Туркия гуфтааст, ки барномаи амал то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст ва пешнависи он ҳамакнун мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад.

Бар асоси ин тарҳ, Туркия мувофиқат карда буд, ки қочоқбаронро саркӯб мекунад, бо мақомоти марзии Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ менамояд ва ҷилави он паноҳҷӯёни суриягиро мегирад, ки аз роҳи баҳр вориди кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мешаванд.

Дар ивази ин ҳамкориҳо, раҳбарони Иттиҳодияи Аврпуо мувофиқат карданд, ки маҳдудияти виза барои шаҳрвандони Туркияро ҳар чӣ зудтар аз байн мебаранд ва ба Анқара барои ҳалли ин мушкил кӯмаки молии бештар ироа мекунанд.

Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ки то ҳанӯз чашм ба роҳи гомҳои амалии Туркия дар ин росто ҳастанд ва барои 28 кишвари Иттиҳодияи Аврупо хеле душвор хоҳад буд, то 3 миллиард долларро фароҳам кунад.

Дар пайи бӯҳрони давомдори Сурия, садҳо ҳазор нафар аз ин кишвар ба хориҷ фирор кардаанд. Туркия ба унвони мизбони садҳо ҳазор паноҳандаи суриягӣ, масири аслии сафари ин паноҳҷӯён ба кишварҳои аврупоӣ ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG