Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Сурия пойгоҳ месозад


Як фармондеҳи баландрутбаи Русия гуфт, кишвараш қасд дорад, барои амалиёт ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурия як “пойгоҳи воҳиди низомӣ” бисозад. Андрей Картаполов, муовини раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия, дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Комсомолская Правда” рӯзи 16-уми октябр гуфтааст, дар ин пойгоҳ “нерӯҳои баҳрӣ, ҳавоӣ ва заминӣ” ҷойгир карда мешаванд. Ба тахмини фармондеҳи рус, дар Сурия ва Ироқ аз 40 то 50 ҳазор аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ вуҷуд доранд. Ба қавли вай, Русия дар Сурия ягон “мухолифи миёнаравро” намебинад. Ӯ гуфтааст, ки онҳоеро, ки алайҳи ҳукумати қонунӣ дар даст аслиҳа меҷанганд, “шумо чӣ гуна миёнарав ном мебаред”. Ба гуфтаи Андрей Картапалов, Русия баъди шурӯи амалиёт дар Сурия ба 380 мавзеъ дар ин кишвар зарба задааст. Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Русия бо ҳадафи қавӣ кардани раиси ҷумҳур Башшор Асад, мухолифони ӯро ҳадаф мегирад.

XS
SM
MD
LG