Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ҳавопаймоеро нобуд кардааст


Артиши Туркия як ҳавопаймои номаълумро дар наздикии марз бо Сурия вожгун кардааст. Дар баёнияи артиш аз рӯзи 16-уми октябр омадааст, ки ҳавопаймо се бор ба ҳушдор ҷавоб надод ва мувофиқ ба муқаррароти артиши Туркия аз байн бурда шуд. Як мақоми расмии Туркия ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ки ҳавопаймо бесарнишин ва ё дрон будааст. Хабаргузории “РИА Новости”-и Русия аз қавли манобеи худ навиштааст, ки тамоми ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия бар асоси барнома амал мекунанд. Телевизиони Си Эн Эн Турк гузориш дод, ки ҳавопайморо дар наздики шаҳри Килис дар 3 километрии марзи Сурия ва 90 километр дуртар аз шаҳри Ҳалаб задаанд. Туркия, ки узви Паймони Атлантики Шимолӣ аст, борҳо шикоят кардааст, ки ҳавопаймоҳои Русия зимни амалиёт дар Сурия қаламрави ҳавоии он кишварро нақз кардаанд

XS
SM
MD
LG