Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаластиниҳо як мақбараи исроилиҳоро оташ задаанд


Мақомоти Исроил мегӯянд, фаластиниҳо як мақбараи исроилиҳо дар Канораи Ғарбро оташ задаанд ва зоҳиран низоъу кашмакаш миёни фаластиниён поён ёфтанӣ нест. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, тақрибан 100 фаластинӣ ба як маъбаде,ки бо номи маъбади усқуф Юсуф шинохта шудааст, рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Ноблус ҳамла карданд ва то замони расидани маъмурони амнияти мақбараро ба оташ кашиданд. Дар бораи талафот ва ё осеб дидани касе гузориш нарасидааст. Созмони Ҳамос рӯзи 16-уми октябрро “рӯзи хашм” ба зидди Исроил эълон кардааст. Ду ҳафта боз аст, ки ҳамлаву куштор миёни фаластиниҳову исроилиҳо идома дорад ва дар ин ду ҳафта 32 исроилӣ ва 7 фаластинӣ кушта шудаанд. Гузоришҳо дар бораи дастандозии Исроил ба масҷиди Ал-Ақсо, ки ҳам барои яҳудиён ва ҳам барои мусулмонон муқаддас аст, сабаби хашми фаластиниҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG