Пайвандҳои дастрасӣ

Путин бомборон дар Сурияро босамар номид


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, кишвараш дар ташкили як эътилофи васеъ барои мубориза бо тундгароии исломӣ ва терорризм дар Сурия ва дигар ҷойҳо ба пешрафт ноил шудааст. Владимир Путин рӯзи 16-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Бурабойи Қазоқистон гуфт, мақомоти Русия бо Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ӯрдун ва Исроил тамос гирифтаанд ва масъалаи мубориза бо терроризмро баррасӣ кардаанд. Владмир Путин ҳамчунин аз кишварҳои дигар хост, ба маркази иттилоотии Бағдод ҳамроҳ шаванд, ки Русия, Сурия, Ироқ ва Эрон таъсис додаанд. Раиси ҷумҳури Русия бомборони мавзеъҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурияро босамар хонд ва гуфт, “сарбозони мо бо мувофиқаи пешакӣ бо Сурия аз ҳаво ва замин амал карда ва ба натиҷаҳои муассир ноил шуданд. Ба гуфтаи ӯ дар натиҷаи бомборон, марказҳои зиёди фармондеҳӣ ва анборҳои аслиҳаи гурӯҳи Давлати исломӣ ва “садҳо террорист” нобуд карда шуд.

XS
SM
MD
LG