Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои 17 тавофуқнома дар Қазоқистон


Раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Қазоқистон 17 тавофуқнома ва аз ҷумла созишномаи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2020 ва баёнияе дар бораи мубориза бо терроризм имзо карданд. Санадҳои мазкур дар нишасти сарони Тоҷикистону Узбакистон, Русияву Қазоқистон, Қирғизистону Ҷумҳурии Белорус ва Арманистону Озарбойҷон рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Бурабойи Қазоқистон ба имзо расид. Намояндагони Молдова, Туркманистон ва Украина дар ин нишаст ба ҳайси нозир ширкат карданд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти хабарӣ баъд аз мулоқот гуфт, “бояд ҳамкориҳои низомӣ зичтар карда шавад, зеро вазъ дар Афғонистон фавқуллода мешавад.” Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳадафҳои асосии тундгароёни исломӣ “рахна кардани минтақаи Осиёи Марказӣ аст.” Раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки созишномаи ҳамкориҳои низомӣ заминаро барои “вокуниши ҳамоҳангшуда” ба чунин хатар мусоид мекунад. Раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ қарор карданд, ки нишасти ояндаяшон рӯзи 16-уми сентябри соли 2016 дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG