Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс байни мардон дар Қатар бо пирӯзии мунтахаби Куба ба анҷом расид.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс байни мардон, ки аз 5 то 15 октябр дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа – бо ширкати беш аз 250 варзишгар аз 73 кишвар баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Куба хотима ёфт. Кубагиҳо чаҳор медали тило, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Мунтахаби Русия (2-1-1) дувум шуд. Мунтахаби Озарбойҷон (1-1-2) мақоми севумро касб кард. Дар байни панҷ дастаи беҳтарин, инчунин мунтахаби Ирландия (1-1-1) ва дастаҳои Фаронсаву Мароккаш бо натиҷаҳои якхела - 1-0-0 – ҷойгир шуданд.

Аз рӯи теъдоди умумии медалҳо низ кубагиҳо бо 7 медал мақоми аввалро соҳиб гаштанд. Узбакистон бо 6 медал дар ҷои дувум, русиягиҳо ва озарбойҷониҳо бо 4-медалӣ дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Қатар ду муштзан - Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) ва Муродҷон Расулов (49 кг) – намояндагӣ карданд. Вале ҳарду дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Қурбонов аз Игор Якубовскии лаҳистонӣ ва Расулов аз Самуэл Кармона Ҳередияи испаниягӣ мағлуб гаштанд.

Бокс. Чемпионати ҷаҳон. Доҳа (Қатар), 5 -15 октябр

Мардон. То 49 кг. 1. Ҷоанис Аргилагос (Куба). 2. Василий Егоров (Русия). 3. Дмитрий Замотаев (Украина) ва Роген Ладон (Филиппин). То 52 кг. 1. Элвин Мамишзода (Озарбойҷон). 2. Йосбани Вейтиа (Куба). 3. Муҳаммад Флисси (Алҷазоир) ва Ху Тзянгуан (Чин). То 56 кг. 1. Майкл Конлан (Ирландия). 2. Муродҷон Аҳмадалиев (Узбакистон). 3. Дмитрий Асанов (Белорус) ва Шива Тапа (Ҳиндустон). То 60 кг. 1. Лазаро Алварес (Куба). 2. Алберт Салимов (Озарбойҷон). 3. Робсон Донато Консейсао (Бразилия) ва Элнур Абдурҳаимов (Узбакистон). То 64 кг. 1. Виталий Дунайсев (Русия). 2. Фазлиддин Ғоибназаров (Узбакистон). 3. Ясниэл Толедо (Куба) ва Вуттичай Масук (Тайланд). То 69 кг. 1. Муҳаммад Рабии (Мароккаш). 2. Дониёр Елюсинов (Қазоқистон). 3. Лю Вэй (Чин) ва Парвиз Боғиров (Озарбойҷон). То 75 кг. 1. Арлен Лопез (Куба). 2. Бектемир Мелиқузиев (Узбакистон). 3. Ҳусейн Бакр Абдин Хосам (Миср) ва Майкл О’Райли (Ирландия). То 81 кг. 1. Хулио Ла Круз (Куба). 2. Ҷозеф Уард (Ирландия). 3. Павел Силягин (Русия) ва Элшод Расулов (Озарбойҷон). То 91 кг. 1. Евгений Тишенко (Русия). 2. Эрисланди Савон (Куба). 3. Геворг Манукян (Украина) ва Абдулқодир Абдуллоев (Озарбойҷон). Беш аз 91 кг. 1. Тони Йока (Фаронса). 2. Иван Дичко (Қазоқистон). 3. Баҳодур Ҷалолов (Узбакистон) ва Ҷозеф Ҷойс (Британияи Кабир).

XS
SM
MD
LG