Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон як зиндонии фирорӣ кушта шуд


Як маҳбуси қирғиз, ки ҳафтаи гузашта бо чанд тани дигар аз зиндон фирор карда буд, дар маҳаллаи “Дурда”, дар атрофи шаҳри Бишкек аз сӯйи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон кушта шуд.

Бахши қирғизии Радиоии Озодӣ бо истинод ба манобеъи ниҳодҳои интизомии Қирғизистон гуфтааст, ин фард Азамат Мусуралиев ном дошт ва ҳафтаи гузаштабо чанд нафар аз зиндон фирор карда буд.

Шаби 12 октябри соли ҷорӣ 9 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати рақами 50 дар деҳаи Нижний-Ноорузи вилояти Чуй фирор карданд. Дар ин ҳодиса се посбони боздоштгоҳ кушта ва як нафари дигар захмӣ шуд. Як зиндонии фирорӣ низ бар асари тири посбон захм бардошта буд.

Аз ҷумлаи ин зиндониҳои фирорӣ 5 нафар боздошт шуда ва 4 тани дигар дар кофтукови ниҳодҳои интизомии Қирғизистон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG