Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҷаласаи Шӯрои сарони узви ИДММ дар Қазоқистон


Субҳи имрӯз дар минтақаи тафреҳии Бурабойи вилояти Акмолаи Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Муштаракулманофеъ (ИДММ) оғоз ёфт.

Дар назар аст, дар ин ҳамоиш масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи ИДММ баррасӣ шуда ва чанд санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, баёнияи муштараки сарони кишварҳои узви ин созмон дар мавриди мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ имзо шавад.

Ҳамчунин, раисони ҷумҳурии ин кишварҳо дар робита ба 70-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид баёнияеро содир хоҳанд кард.

Дар нимаи дуюми рӯз, ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG