Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози бунёди пули иртиботӣ дар манотиқи марзӣ бо Қирғизистон


Дар манотиқи марзии шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон сохтмони пули 24-метра аз сар гирифта шудааст.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, 6 моҳи ахир бунёди ин пул ба далели иддаои ҷониби Қирғизистон дар мавриди дар минтақаи баҳсноки марзӣ ҷойгир будани он ба таъвиқ афтода буд.

Абдухалил Боқиев, сардори ширкати хусусии роҳсозии“Роҳи ваҳдат” ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамакнун сохтмони ин пул дар деҳаи марзии Чорқишлоқ бар фарози дарёи Исфараро дубора рӯйи даст гирифтаанд.

Вай гуфт, ин пул бо тавони борбардории 80 тонна роҳи мошингардро ба деҳаи Қарабоғи Ботканд мепайвандад ва аз ин роҳ мошинҳои борбар низ убур хоҳанд кард.

Пули қаблӣ бо тавони борбардории 40 тонна дар деҳаи Чорқишлоқ фарсуда шуда, ҳоло ширкати “Роҳи ваҳдат” бо сармояи 3 миллион сомонии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пули навро бар фарози дарёи Исфара бунёд хоҳад кард.

Роҳи деҳаи Чорқишлоқ тариқи пули наве, ки сохта хоҳад шуд, аз ҳудуди деҳаи Қаробоғи Ботканд убур карда боз дубора вориди ҷамоати Сурх ва Чоркӯҳи ноҳияи Исфара хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳукумати ноҳияи Исфара мегӯянд, рӯзи 22 октябр мулоқоти ҳайатҳои Кумиссияи байнидавлатӣ оид ба таъйинимарз сурат гирифта ва дар он масъалаҳои марбут ба манотиқи баҳсноки марзӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG