Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ сиёсатмадори Туркияро ҳақ эълон кард


Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо ҳукм кард, ки Догу Перинчек, сиёсатмадори турк ҳақ дошт, бигӯяд, ки куштори дастаҷамъии арманиҳо дар аҳди Туркони усмонӣ наслкушӣ нест. Ҳукми мазкур, ки аз назари сиёсӣ ва озодии баён бисёр муҳим аст, рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Страсбурги Фаронса эълон шуд. Ҳайати 17 нафарии додрасҳои додгоҳ гуфт, Швейтсария набояд Догу Перинчекро барои ин баёнияааш, ки наслкушӣ хондани куштори дастаҷамъии арманиҳоро “дурӯғи байналмилалӣ” номида буд, ҷазо бидиҳад. Ба гуфтаи додгоҳ, ҷазо додани Догу Перинчек, “мудохила ба ҳаққи ӯ ба озодии баён буд.” Додгоҳи Швейтсария Догу Перинчек, раиси собиқи Ҳизби коргарии Туркияро соли 2005 барои баёнияааш ба 90 рӯзи зиндон ва пардохти 3 ҳазор франк маҳкум кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG