Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барномаи Афғонистонро "тағйир дод"


Мақомоти баландпояи Амрико мегӯянд, қарор аст, ихроҷи нерӯҳои кишвар аз Афғонистон сусттар карда шавад ва 5 500 сарбози амрикоӣ баъди соли 2016 ҳам дар инҷо бимонанд. Раиси ҷумҳур Барак Обама, дар бораи ин барнома шоми 15-уми октябр дар Кохи Сафед сухан мегӯяд. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, 9800 сарбози Амрико то охири соли 2016 дар Афғонистон мемонанд ва соли 2017 теъдоди онҳо то панҷуним ҳазор нафар кам карда мешавад. Барак Обама қасд дошт, тамоми нерӯҳои кишварашро ба ғайр аз гурӯҳи хурди сарбозон дар сафорати Амрико дар Кобул пеш аз анҷоми аҳди раёсати ҷумҳуриаш дар январи соли 2017 аз Афғонистон хориҷ кунад. Кишварҳои узви эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико баъди 13 соли ҷанг, охири соли 2014 аксари нерӯҳои ҷангиашонро аз Афғонистон берун кашиданд. Баъди гирифтани масъулияти таъмини амният, худи нерӯҳои афғон ба мушкилӣ аз ӯҳдаи ин кор мебароянд ва ишғоли серӯзаи шаҳри Кундуз аз тарафи Толибонро яке аз аломатҳои заъфи онҳо медонанд.

XS
SM
MD
LG